НАХУСТИН ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШӮРОИ ОЛИМОН ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2026-2027 БАРГУЗОР ШУД
Дар толори Донишкада бо иштироки устодон нахустин ҷаласаи васеи Шӯрои олимон дар соли таҳсили 2026-2027 баргузор шуд.
Раиси Шӯро, директори донишкада Хурсанд Содиқзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар рӯзномаи ҷаласа 3 масъалаи асосӣ ва 3 масъалаи ҷорӣ пешниҳод шудааст.
Котиби Шӯрои олимон Матлуба Турсунова аз рӯйи масъалаи якум: “Баррасӣ ва тасдиқи нақшаи кории шурои олимони Донишкада барои соли таҳсили 2026-2027” баромад карда, ахбороти муфассал манзур намуд.
Аъзои Шӯрои олимон баъди баррасӣ ва ворид намудани таъғирот нақшаи кории Шӯрои олимони Донишкадаро барои соли таҳсили 2026-2027”тасдиқ намуданд.
Мушовири директори донишкада Хуршед Мақсудов роҷеъ ба “Нақшаи чорабиниҳои соли таҳсили 2026-2027 нисбати амалисозии “Стратегияи рушди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд барои солҳои 2026-2030” баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки нақшаи Стратегии рушди донишкада аз соли 2019 ва бо таҷдиди соли 2023 дар донишкада амалӣ мегардад. Ин нақшаи пайдарпай дастоварии нишондиҳандаҳои стратегии рушд ва номгӯи чорабиниҳо барои ба ин нишондиҳандаҳо расидан буда, номгӯи нишондиҳандаҳои стратегӣ ба амалигардонии рисолати донишкада, ҳадафи стратегӣ ва вазифаҳои рушд такя мекунад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки моҳи сентябри соли 2025 дар донишкада Стратегияи нави рушд барои солҳои 2026-2030 қабул карда шуд, ки самтҳои асосии онро такмили низоми идоракунӣ, рақамикунонии фаъолият, тақвияти иқтидори кадрӣ, такмили сиёсати академӣ ва таҳсилотӣ, рушди тадқиқоти илмӣ ва фаъолияти инноватсионӣ, густариши робитаҳои байналмилалӣ, тақвияти фаъолияти тарбиявӣ ва рушди иҷтимоӣ, тақвияти ҳамкориҳо бо бозори меҳнат, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва рушди инфрасохтор ташкил медиҳад.
Ҳамзамон бо мақсади иҷрои тадбирҳои Стратегия ва бо дарназардошти таҳкими иқтидори ҳайати кадрӣ, баланд бардоштани тахассуси касбӣ, самаранокӣ ва рақобатпазирии мутахассисон, тавсеаи иқтидори илмӣ ва такмили малакаҳои педагогӣ, инчунин барои иҷрои лоиҳаҳои гуногуни соҳаи технологияи рақамӣ ва ба даст овардани малакаи тиҷоратикунонии идеяҳо дар заминаи донишкада, Маркази илмии таҳкими сармояи инсонӣ ва Маркази инноватсионии ташаккули иқтидори зеҳнӣ фаъолият мебарад.
Муовини директор оид ба таълим Мазбуд Холиқзода доир ба “Омодагии Донишкада барои соли таҳсили 2026-2027” ахбори муфассал манзур намуд.
Дар ҷараёни кори Шӯро роҷеъ ба “Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ, инноватсионӣ ва робитаҳои байналмилалӣ дар соли таҳсили 2025-2026 ва вазифаҳо барои соли таҳсили 2026-2027” гузоришҳои муовини директор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Фарҳод Маҳмудӣ, доир ба “Омодагии омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкада барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директор оид ба тарбия Назира Инъомзода ва оид ба “Рафти корҳои сохтмонӣ ва омода намудани биноҳо ба раванди таълим барои соли таҳсили 2026-2027” сардори раёсати маъмурию хоҷагидорӣ Шоҳрух Турсунқулов шунида шуд.
Директори донишкада Хурсанд Содиқзода ҷаласаи Шӯрои олимонро ҳусни анҷом бахшида, ҷиҳати таҳияи маҷмуъи маводҳои таълимӣ дар соли нави таҳсил, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, сарбаландона истиқбол гирифтани маъракаҳои ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ, тарғиби худшиносию худогоҳӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва ғайра устодони донишкадаро муваззаф намуд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО